Eng

Таърих ва тачрибаи Фонд:

ФКХ "Хамёри" зиёда аз 18 сол боз дар бозори карзхои хурд фаъолият мекунад. Фаъолияти Фонд ба баланд бардоштани сатхи некуахволии мардуми манотики вилояти Сугд нигаронида шудааст. Фонд аз огози фаъолият, барномаи карзии худро дар 9 нохия, 3 шахр, 30 чамоат ва 68 дехахо амали карда истодааст. Дар ин давра аз чониби Фонд ба беш аз 10 хазор муштари, аз чумла 3600 нафар занон ба маблаги зиёда аз 36 миллион сомони карзи хурду миёна пешниход карда шудааст.

Маблаггузории аввалини Фонд дар шакли грант аз Ташкилоти Байналмилалии Башардустонаи Агроаксияи Олмон гирифта шудааст. Бо дастгирии созмони мазкур Фонд фаъолияти худро дар нохияхои дурдасти кухистони шимоли Точикистон аз руи барномаи “Ташаккул ва рушди фонд барои рушди дехот” (чузъи лоихаи Агроаксияи Олмон №1031-03) бахши лоихаи “Бехатарии озукавори дар водии Зарафшон” огоз кард, ки маблаги гранти 30 хазор евроро ташкил медод.

Кисми асосии мизочони чалбшуда иштирокчиёни лоихахои Рушди бозори махалли, Маркази рушди занон, Занчираи арзиши иловашуда, Рушди сайёхи дар асоси чамоатхо, Амнияти озукавори, таъсис ва рушди фондхои рушди дехот ва рушди устувори ичтимои ва иктисодии чамоатхо тавассути идоракунии самараноки захирахои табии ичтимоию иктисодии шарикони мо (ИЧМ “ОДРИ НОВ”, Ташкилоти Чамъиятии Ассотсиатсияи Тараккиёти Туризми Зарафшон, Агроаксияи Олмон, ICCO ва UNDP Точикистон)) мебошанд.

Мархилахои рушди Фонд аз руи солхо:


  • 10 октябри соли 2005 ба кайд гирифтани ФКХ «Хамёри» дар Вазорати Адлияи Чумхурии Точикистон.

  • 13 марти соли 2006 гирифтани Шаходатномаи Бонки миллии Точикистон.

  • Соли 2006 – татбики кисми лоихаи Агроаксияи Олмон тахти №1031-03 “Ташакул ва рушди фонд барои рушди дехот”. Пас аз анчоми бомуваффакияти лоиха сандуки карзи ба маблаги 30000 (си хазор) евро ба Фонд гузаронида шуд.

  • Аз соли 2007 то 2012 гирифтани грантхои лоихави аз ICCO дар хачми 395.000 хазор евро.

  • Соли 2009 – аз чониби Microfinanza Rating (Италия) рейтинги институтсионалии Фонд гузаронида шуд.

  • Дар соли 2009, Фонд барои ба даст овардани захирахои карзии фоиданок бо Ташкилоти Амонатии Карзии Хурд «Бовари ва хамкори» хамкориро огоз намуд.

  • Соли 2011 Фонд дар тендери эълонкардаи DFID ширкат карда, сохиби 220 хазор сомони карзи имтиёзнок гардид.

  • Солхои 2012 то 2015 аз ICCO (Нидерландия) карзи бефоиз барои лоихаи (Занчираи Арзиши Иловашуда) гирифта шуд.

  • Модули ЗАИ (Занчираи Арзиши Иловашуда) якчоя бо ширкати CAITC (Казокистон) тахия шудааст.

  • Соли 2014 – ФКХ “Хамёри” аз чониби ширкати байналмилалии Micro-Credit Ratings International Limited (M-CRIL India) бахои рейтинги дода шуда, бахои мусбати «в»+ гирифт.

  • Аз сентябри соли 2016 то имруз аз тарафи Барномаи Рушди СММ дар Точикистон маблагхои гранти дар хачми 1.838.945 (206.651 доллари ИМА) барои татбики лоихахои “Бехтар намудани дастрасии корхонахои хурд, бахусус сохибкорзанон, ба маблагхои дастрас дар вилояти Сугди чумхурии Точикистон», «Дастраси ба маблаггузории хурд барои ахолии дехоти Точикистон (Водии Зарафшон нохияхои Айни ва Панчакент)” инчунин лоихаи «Кумак ба рафъи окибатхои иктисодии COVID-19 тавассути бехбуди шароити зиндаги, имкониятхои шугл ва хамкорихои минтакави дар водии Фаргона» чудо карда шудааст. Дар доираи лоихаи «Кумак ба рафъи окибатхои иктисодии COVID-19 тавассути бехбуди шароити зиндаги, имкониятхои шугл ва хамкорихои минтакави дар водии Фаргона», ки дар солхои 2022 маблаггузори карда шудааст, дар шахрхои Хучанд, Исфара, Конибодом ва нохияи Мастчохи вилояти Сугд амали гардида ба 10 сохибкорони хурду миёна карзхои имтиёзнок дода шуда, 49 чойи кори таъсис дода шуд, ки 31 нафари онхоро занон ташкил медиханд.

  • Мохи апрели соли 2019 барои бехтар намудани автоматикунонии равандхои Фонд ва ба ин васила баланд бардоштани сифат ва шаффофияти фаъолияти Фонд барномаи нави системаи MFsys-микромолияви харидори ва чори карда шуд.