Eng


Соли маърифати хукуки

Мохи ноябри соли 2024 аз лахзаи кабули Конститутсияи Чумхурии Точикистон 30 сол сипари мешавад. Бахшида ба чашнгирии 30 солагии Конститутсияи кишвар, бо Амри Президенти Чумхурии Точикистон аз 22 марти соли 2024 тахти раками АП-533 соли чори хамчун «Соли маърифати хукуки» эълон гардидааст. Чумхурии Точикистон давлати сохибихтиёр, демократи, хукукбунёд, дунявй ва ягона мебошад. Мувофики моддаи 1 Конститутсия «Точикистон давлати ичтимои буда, барои хар як инсон ва шахрванд шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фарохам меорад.». Боби дуюми Конститутсия махз ба хукуку озодихои инсон ва шахрвандон бахшида шудааст. Чуноне, ки дар моддаи 14 Конститутсия пешбини шудааст хукуку озодихои инсон ва шахрванд ба воситаи Конститутсия, конунхои чумхури ва санадхои хукукии байналмилалие, ки аз тарафи Точикистон эътироф шудаанд, хифз мегарданд.

Фонди карзии хурди «Хамёри» низ дар фаъолияти худ талаботхои Конститутсияро риоя ва ичро менамояд. Хар як шахрванд хукук дорад, ки аз хизматрасонихои молиявии ташкилотхои молияви ва бонкхо истифода барад. Азбаски, Фонд факат фаъолиятро оид ба пешниходи карзхои хурду миёна амали менамояд, хангоми ба Фонд мурочиат намудани шахрвандон, хукукхои конститутсионии онхо пурра риоя карда мешаванд. Дар Фонд якчанд санадхои меъёрию хукуки кабул карда шудаанд, ки чараёни додан ва пардохти карзро ба танзим медароранд. Мувофики ин санадхо пешниходи маблагхои карзи танхо дар холати бевосита ба Фонд бо ариза мурочиат намудани хар як шахрванд ва ба талабот мувофик будани холати молиявию хочагидории у амали карда мешавад. Кормандони Фонд хукук надоранд, ки шахрвандро барои гирифтани карз мачбур намоянд. Хамзамон баъди байни Фонду шахрванд ба имзо расидани шартномаи карзи ва ба у додани маблаги карз, шахрванд низ сохиби хукуку ухдадорихои муайян мегардад. Хар як шахси аз Фонд маблаги карзи гирифта, бояд дар мухлатхои дар чадвали пардохти карз мукарраргардида, ки байни Фонд ва мизоч ба имзо расидааст, пардохтхои карзи гирифтааш ва маблаги фоизхои хисобшударо амали намояд. Хангоми дар вакташ пардохт накардани карз, мувофики шартхои шартномаи карзи аз карзгир чарима ситонида мешавад, ки шахси карзгирифта ухдадор аст онро ба Фонд пардохт намояд. Инчунин зоминон, ки аз тарафи шахси карзгир баргардонидани карзро кафолат додаанд, барои дар вакташ пардохт шудани карз, бо карзгир масъулияти баробар доранд.

Бояд хотиррасон намуд, ки дар холати дар вакташ пардохт накардани карзи гирифташуда, Фонд карзгир ва зоминонашро бо огохинома огох намуда, ихтиёран баргардонидани карзро талаб менамояд. Дар холати дар мухлати бо огохинома мукарраргардида барнагардонидани карз, Фонд хукуки ба макомоти суди барои ба тарики мачбури ситонидани карз, мурочиат намуданро дорад. Хамаи бахсу мунозирахое, ки байни карзгир ва Фонд ба миён меоянд, бо рохи гуфтушуниди тарафайн хал карда мешаванд. Дар холати бо ин рох хал нагардидани бахс, он дар макомотхои суди хал карда мешавад.

Эълон аз 02.02.2023

Фонди Карзии Хурди «Хамёри» дар доираи лоихаи «Мусоидат барои бартараф намудани окибатхои COVID-19 бо рохи бехтар намудани шароити зиндаги, имкониятхои бо кор таъминкуни ва хамкории минтакави дар нохияхои наздисархадии водии Фаргона» ва зер-лоихаи «Пешниходи маблагхои карзии хурд ба сохибкорони инфироди ва корхонахои хурду миёна барои дастгирии стратегияи пойдории онхо ва нигохдории чойхои кори», ки аз тарафи Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттахид маблаггузори шуда истодааст, бо максади дастгирии рушди сохибкори, афзун намудани даромад ва нигохдории чойхои кори, махсусан барои рушди сохибкори байни занхо ва чавонон, аз нимсолаи дуюми соли 2022 дар шахру нохияхои Исфара, Конибодом, Хучанд ва Мастчох то ба имруз зиёда аз 10 лоиха ва бизнеснакшахои рушди сохибкории хурду миёнаро дар асоси тендерхои лоихахои пешниходшаванда тахлилу барраси намуда 9 адад лоихахоро маблаггузори намуд, ки 3 нафар сохибкорзанхо низ дастгири карда шуданд. Маблаги умумии лоихахои дастгирикардашуда 520 хазор сомониро ташкил дода сохахои истехсолот ва коркарди маьсулотхои хочагии кишлокро дарбар мегиранд. Дар айни замон лоихаи мазкур амали шуда истода хамкори ва коркарди лоиха ва бизнеснакшахо бо сохибкорон идома дорад.