|
ФКХ "Хамёри" зиёда аз 18 сол боз дар бозори карзхои хурд фаъолият мекунад. Фаъолияти Фонд ба баланд бардоштани сатхи некуахволии мардуми манотики вилояти Сугд нигаронида шудааст. Фонд аз огози фаъолият, барномаи карзии худро дар 9 нохия, 3 шахр, 30 чамоат ва 68 дехахо амали карда истодааст. Дар ин давра аз чониби Фонд ба беш аз 10 хазор муштари, аз чумла 3600 нафар занон ба маблаги зиёда аз 36 миллион сомони карзи хурду миёна пешниход карда шудааст. Маблаггузории аввалини Фонд дар шакли грант аз Ташкилоти Байналмилалии Башардустонаи Агроаксияи Олмон гирифта шудааст. Бо дастгирии созмони мазкур Фонд фаъолияти худро дар нохияхои дурдасти кухистони шимоли Точикистон аз руи барномаи “Ташаккул ва рушди фонд барои рушди дехот” (чузъи лоихаи Агроаксияи Олмон №1031-03) бахши лоихаи “Бехатарии озукавори дар водии Зарафшон” огоз кард, ки маблаги гранти 30 хазор евроро ташкил медод. Кисми асосии мизочони чалбшуда иштирокчиёни лоихахои Рушди бозори махалли, Маркази рушди занон, Занчираи арзиши иловашуда, Рушди сайёхи дар асоси чамоатхо, Амнияти озукавори, таъсис ва рушди фондхои рушди дехот ва рушди устувори ичтимои ва иктисодии чамоатхо тавассути идоракунии самараноки захирахои табии ичтимоию иктисодии шарикони мо (ИЧМ “ОДРИ НОВ”, Ташкилоти Чамъиятии Ассотсиатсияи Тараккиёти Туризми Зарафшон, Агроаксияи Олмон, ICCO ва UNDP Точикистон)) мебошанд. | |
|
|
Шарикони мо

|